- аҷаб
- [عجب]а1. он чи сабаби ҳайронӣ мешавад, ҳайратовар, ҳайратангез, тааҷҷубовар, шигифтовар2. нидои ҳайрату тааҷҷуб воаҷабо, аҷабо, тааҷҷубовар аст, ки…; чӣ аҷаб! чӣ ҷои тааҷҷуб!; эй аҷаб аҷабо, тааҷҷубовар аст, ки…; аҷаб доштан ҳайрон будан, дар тааҷҷуб будан; аҷаб кардан а) тааҷҷуб намудан, ҳайрон шудан; б) маҷ. кори хуб кардан; дар аҷаб мондан ҳайрон шудан, мутаҳаййир гаштан; дар аҷаб шудан ҳайрон шудан, тааҷҷуб кардан; аҷаб не // аҷаб нест, ки… эҳтимол, шояд, аз эҳтимол дур нест, ки…, мумкин аст, ки …
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.